"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" НИШОН АЗ ҚАДРДОНИИ ГУЗАШТАГОН АСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
        Санаи 25 ноябри соли 2023 дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид, ки дар он зиёда аз 110 нафар иштирок намуда, дар тозаю обод гардонидани оромгоҳи деҳа саҳм гузоштанд.
        Аксияи мазкур дар аксарияти маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида шуданд.