«ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ! »

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо дастгирӣ аз сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ҷавонони бонангу номус бо роҳбарии соҳибкор Каримов Бахтиёр тасмим гирифтанд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро кӯмак намудан ба маъюбон ва бепарасторон, инчунин камбизоатон дастгирӣ намуда, саҳми назарраси худро дар ин самт гузоранд. Ин навбат як қатор фаъолони ноҳия аз ҷумла, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, соҳибкорон ва як гурӯҳ фарзандони ватандӯсти ноҳия, ки дар муҳоҷират мебошанд, тасмим гирифтанд. дар якҷоягӣ маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба Сафарова Гулнигор маъюб аз Ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсов, ки ҳамзамон дар оилаи камбизоат умр ба сар мебарад, аробачаи маъюбии замонавӣ харидорӣ намоянд. Туҳфаи арзишмандро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, Каримов Бахтиёр - соҳибкор ва Маҳмуродов Фаррух - мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия ба Сафарова Гулнигор дастрас намуданд, ки хурсандии Гулнигор ҳадду канор надошт.
Бояд қайд намуд, ки ҷавонони бонангу номуси ноҳияи А.Ҷомӣ таҳти шиори “Якҷоя ҳал месозем” мутаҳид гардида, азм доранд, кӯмакҳои худро бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро бештар намоянд.