БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ИФТИХОРИ ДИЁР» БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
       Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Кумитаи иҷроия ҳамоиши иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар ғолиби озмуни мазкур Қосимзода Суман дар номинатсияи назм, ки дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм гардид, иштирок намуд.
         Бояд қайд кард, ки ин муваффақияти Қосимзода Суман барои мо ҳизбиён ифтихори бузург буда, қадрдонӣ намудани ғолибон ва иштирокчиёни чунин озмунҳо вазифаи асосии мо мебошад. Бо ҳамин мақсад аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба Қосимзода Суман, барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи маориф ва иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.
        Дар ин ҳамоиш, ки хусусан ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок доштанд, ваъда дода доданд, ки омодагиҳоро барои озмунҳои минбаъда ҷиддӣ ба роҳ монда, дар оянда дастовардҳои навро ба даст хоҳанд овард.