СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БАРҚЧИЁН”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А.Ҷомӣ: Дар санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар байни аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” соати сиёсӣ баргузор гардид. Соати сиёсӣ фарогири мавзӯҳои мубрами рӯз аз ҷумла таҳкими аъзогӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ дар байри роҳбарону аъзоёни ташкилотҳои ҳизбиро дарбар гирифт. Аз рӯи мавзӯҳои соати сиёсӣ сарпарастони ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор гаштанд, ки дар самти корбарии дохилиҳизбӣ ва дохилиташкилотӣ фаъолияти худро ҷоннок намоянд. Ҷамъомадро муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат кушода кормандонро ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ дар ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ ва корро дар самти ташкилотҳои ибтидоии вобастагардида пурзӯр намуда, бобати аъзо намудани кормандон ва дар баланд бардоштани сатҳу сифати корбарии онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.