РАФТИ СОАТИ СИЁСӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзуи “Пешгирии ҷиноят дар байни ноболиғон” дарси сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти соати сиёсӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳолати ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар ҷомеа сухан намуда, қайд намуданд, ки дар замони пуртаззоди муосир ва бархӯрди тамаддунҳо ҳастанд нафароне, ки манфиатҳои шахсии хешро аз давлату миллат боло гузошта, бо ташкили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, задухӯрдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё ташкил намуда, ҷавонони камсаводу ноогоҳро ба доми худ кашида,  истифода намуда истодаанд. Мақсади баргузории ин дарсҳо ҳам дар он мебошад, ки ҷавонону наврасонро аз ин қабил гурӯҳҳо огоҳ намоем, то ин ки ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.
Байни иштирокдорони «Соати сиёсї» саволу ҷавоб вобаста ба мавзўи дарс доир гардид, ки хонандагон ба саволҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.