ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир ба баргузории Соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзӯи “ Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза” дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур Соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни соати сиёсӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва колективи омӯзгорони муассисаи мазкур дар ҳолати Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки агар ба ҷаҳони имрӯза назар намоем, баъзан кишвархои дунё дар ҳолати ногувор қарор доранд. Имрӯзҳо бояд аз чунин ҳавои софу беғубор, сулҳу субот ва оромии кишварамон Тоҷикистони азиз шукрона бояд кард.

Аммо мутассифона нафароне ҳастанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз давлату миллат боло гузошта, бо ташкили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, задухурдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё ташкил намуда, ҷавонони камсаводу ноогоҳро бо ҳар роҳу воситаи шабакахои иҷтимоӣ ба доми худ ҷалб намуда, истифода мебаранд.

Мақсади баргузор намудани ин дарси сиёсӣ ҳам, дар он мебошад, ки ҷавонону наврасони даврони сохибистиқлол бояд аз ин гуна гурӯҳҳо огоҳ бошанд, то ин ки ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд, ба хар гуна нооромихо даст назананд.