Боиси ифтихор аст, ки дар даъвати тирамоҳӣ зиёда аз 130 нафар ҷавонони ноҳия барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзҳои аввали даъват ихтиёран худро дар Комиссариати ҳарбии ноҳия номнавис намуданд.
Ин гувоҳи он аст, ки имрўз ҷавононони бонангу номуси кишвар рисолати фарзандии худро эҳсос намуда, мехоҳанд ихтиёрона ва бо сарбаландӣ қарзи фарзандии худро адо намоянд.
Бояд қайд намуд, ки аҳмияти хосаи Пешвои муаззами миллати тоҷик, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси зиёд гардидани теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ, ки бо хоҳиши худ омодаанд ба ҳимояи марзу буми Ватан сафарбар гарданд, рўз аз рўз зиёд гардидаистодааст. Ҳамзамон, дар ноҳия аз ҷониби масъулин рафти корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар рўзи даъватшаванда, ки дар ноҳия баргузор гардид, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни Ташкилоти Ҷаъмиятии Ҷавонон « Созандагони Ватан» бо шиору навиштаҷотҳо ва парчамҳо дар даст ширкат варзиданд. Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат баромад намуда, қайд намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бо нангу номус буда, ба бар намудани либоси сарбозӣ боиси ифтихору сарбаландист. Ҳар ҷавоне, ки нангу номуси ҷавонмардӣ дорад, бояд пас аз хатми мактаб ва бо роҳнамоии волидайн вазифаи аввалиндараҷаи худро, ки хизмат ба Ватан мебошад, иҷро намояд. Барои ҳар як ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби зиндагӣ ва обутоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон ба марди ҳақиқӣ табдил ёфта, дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона ҳифз намудани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон ба сарбозони ихтиёрие, ки мактаби ронандагии ноҳияро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим гардид. Инчунин аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» барномаи хуби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Суратгузориш аз рафти чорабини.