Таҳти унвони “Якҷоя ободу хуррам мекунем” санаи 30.09.2023 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгири ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” шанбегӣ дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд .
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд. Дар шанбегӣ меҳнати кормандони Кумита ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ “Маорифчиён” назарас буда атрофи биноро, гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Суратгузориш аз рафти шанбегӣ.