ҲАР МИЛЛАТ ЛИБОСИ ХУДРО ДОРАД

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Миллати куҳанбунёди тоҷик аз азал фарҳангу тамаддун ва қонуну қоидаҳои ба худ хосро дошт. Ҳама медонад, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногуни дунё маҳз либоси миллии онҳост. Навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани як тўй дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки ҷавоне мисли шайхҳо либос ба бар намуда, арус бошад бо либосе, ки умуман хоси наварўсони узбек нест пўшида ва таҳти замзамаҳои домод бо забони арабӣ вориди хона мешаванд, баҳси калонеро барпо гузошт. Ин домодеро, ки худро шайх тасаввур намуд дар ҳол барои таблиғи фарҳанги бегона таҳти муҳокимаи шадид қарор дода, инчунин ҷарима ҳам намуданд.

Дуруст гуфтаанд, ки «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» ҳар миллат либоси худ ва қонуну қоидаҳои худро дорад. Камтарин беаҳмияти боис мегардад, ки ҷавонони мо ба хотири тақлиду худнамоӣ урфу одат, сару либос ва ҳатто дар гуфтор ба дигар миллатҳо тақлид менамоянд. Барои чи ҷавонони мо хусусан занону модарон майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд? Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба фарҳанг ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назар аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳида нишон медиҳад, ки ин раванд оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкориро хеле зиёд касб намуда, занону бонувон ба ин тарзи либоспушӣ тавваҷуҳи зиёд намуда истодаанд. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллати худ ба шумор мерафт. Албатта ҳаммаи мо мусалмонем. Чи тоҷик, узбек, қазоқ ё дигар миллатҳое, ки ҳамдини мо мебошанд, онҳо низ фарҳангу маданияти либопушии худро доранд. Мо мусалмонем гуфта бояд либоси мардуми араб ва ё дигар давлатҳои исломиро ба бар кунем? Нишони мусалмонӣ дар сатру ҳиҷоб ва ё танҳо дар риш мондан аст? Мо худро мусалмон гуфта фарзҳоро ба ҷо наоварда думболи қоидаҳо ва урфу одатҳое ҳастем, ки умуман ба миллати мо хос нест. Сатри сиёҳ ва риши дарози бемаъне дар ҷавонон, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз занону ҷавонони мо бешуурона майл ба либос ва урфу одатҳои бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Вобаста ба чунин таҳдидҳо ба фарҳангу урфу одатҳо ва сару либоси миллӣ бояд аҳмияти ҷиддӣ дода, фарҳанги пурғановату арзишманди ниёгонамонро ҳифз намоем. Сатр ва ҳиҷоб дар ягон давр ба либоси миллии мо робитае надошт ва надорад. Модарони мо ва бибикалонҳои мо руймолҳои аз матои сафед ва аз дока омода кардаро ба сар мекарданд. Бабар намудани либоси сиёҳ ва дохтани руймоли сиёҳ умуман хоси мардуми мо набуд. Либоси миллии тоҷикона ёдгорӣ аз аҷдодонамон аст. Мубориза алайҳи бегонапарастӣ ва занону духтарони сатрпӯш зарур ва айни вақт дар кишвар аст. Либосҳои ба монанди арабҳо сатр, ҳиҷоб ва риши дароз ин фарҳанги бегона аст. Мо бояд дар таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ аз пештара дида фаъол бошем. Мисли кишвари ҳамсоя нагузорем фарзандонамон ба урфу одатҳои дигарон тақлид намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки занон бисёртар бо хоҳиши мардон чунин тарз либос ба бар мекунанд . Марде, ки худ саводи кофӣ надорад ва исломро ба ҳуруфот табдил додаст, имрўз таблиғгари фарҳанги дигар миллату дигар мазҳаб мебошад.

Агар мо ватамонро дӯст медорем бояд барои бақои забону фарҳанг ва урфу одатҳоямон талош варзем. Ягон миллат либоси моро ба бар намекунад, пас чаро мо бояд аз пушидани либоси дигарон ифтихор дошта бошем?

Дар ислом ҳам ба бар намудани либоси сиёҳ қабул нест. Бо кадом мақсад занони мо либоси сиёҳро ба бар мекунанд?

Занону модарони азиз!

Мо бояд ба хотири пойдории сулҳи кишварамон, ба хотири оромии хонадонамон ва ҳифзи фарҳангу анъанаҳоямон бояд тарбиятгар бошем. Либоси миллии худамонро таблиғ намоем. Ҳуввияти миллиамонро аз либоспушиамон оғоз кунем. Навобаста дар кадом давлат ва бо кадом миллатҳо ҳамнишин мешавем, бояд эҳтироми либоси миллӣ ва забони миллиямонро ба ҷо орем.

Назокат Қосимӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ