МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  

Дар ҷамоати деҳоти Қ. Ғиёсов деҳаи Арал ташкилоти ибтидои ”Қ.Ғиёсов” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома интихоби раис бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда, аз сари нав интихоб гардиданд. Ҳамзамон корманди масъулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Самадзода Саёҳат ба сухан баромада, масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб сухан намуда, аз рӯйи масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодшуда баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, ҳамагонро барои пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолият ва таъсисёби 30-солагии ҲХДТ, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем.