ЗАХИРАИ МАВОДИ ҒИЗОӢ БАРОИ ФАСЛИ САРМО

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Захираи маводи хӯрока бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани фасли зимистон яке аз масъалаи аввалиндараҷаи корҳои тарғиботии ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Маҳз дурандешӣ ва ояндабини Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси бе мушкилӣ пушти сар намудани буҳрони иктисодӣ дар кишвар гардида, ба ин васила сатҳи зиндагии мардум рӯ ба бехбудӣ овардааст. Мевахушкунӣ дар хама манотиқи кишвар бо тарзу услуби хосси хар манотиқ ба роҳ монда шуда, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ мардум ин соҳаро хуб пайгирӣ намуда, бо мақсади солимии оила имрӯз ба хушконидани меваҳо машғул мебошанд.