САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем. Бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки замини наздиҳавлигӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар замин бо назардошти мавсими кишту кор зироатҳои гуногун кишт намоем. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, аз заминҳо дидан намудад, маълум шуд, ки сокинон барои гирифтани ду ва се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи худ ҷаҳду талош доранд.