МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР МАВЗУИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А.Ҷомӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки фаъолзанони аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мутобиқи нақшаи шуъбаи занон ва кор бо ҷавонон дар КИ ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввар дар мавзуи “Истиқлолият беҳтарин неъмат” баргузор гардид. Дар миззи мудавар Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Назокат Қосимӣ, собиқадори КИ ҲХДТ дар ноҳия Восиева Сабоҳат, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва як қатор фаъолзанони ҳизбӣ оиди дастоврдҳои даврони соҳибистиқлоли кишварамон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҳақиқат Истиқлолият дастоварди бузургу муқаддас барои миллати тоҷик аст, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу ороми кишвар дар шароитҳои хубу замонавӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият дорем ва ба мо шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҳар лаҳзаву ҳар соати худро баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани ин диёри аҷдодӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ сарф намоем Дар охир чанде аз иштирокдорон фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба ин вожаи муқаддас-Истиқлолияти давлатӣ баён дошта, барои ташкилу баргузории чунин чорабинии сиёсӣ миннатдорӣ баён карданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.