АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНУВОНИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ".

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
А.Ҷомӣ: Мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва пос доштани хотири гузаштагон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзою ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ ва сокинони савобҷӯ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ, таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор намуданд.
Дар аксияи баргузоргардида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоати деҳоти Ифтихор деҳаи Роҳи Ленин иштирок дошта, моҳияти аксияи мазкурро ба мардум фаҳмониданд. Дар идома иштирокдорони аксия оромгоҳро аз хасу хошок ва ҳар гуна партовҳо тоза карда ва бо ин васила рӯҳи гузаштагонро шод намуда, саҳми арзандаи худро дар тоза намудани гирду атрофи қабристонҳо гузоштанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ