АКСИЯИ ҲИЗБИ ТАҲТИ УНУВОНИ “ОБРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОШТ!”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
А.Ҷомӣ: Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти ҶТ солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд. Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад. Бояд қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018- 2028”, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо роҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин намоем.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ