АЁДАТИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо пайравӣ аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда шуд.
Зимни аёдат ба ин оилаҳо маводҳои хӯрокаи яквақтаина ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Назокат Қосимова бо Раҷабзода Зебо мудири бахши САҲШ-и ноҳия аз ҳоли Навбаҳори Убайдулло сокини деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, ки нуқсони модарзоди дорад дидан намуда, кумаки молии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро расонидаанд.
Оилаи аёдатшуда аз чунин иқдомҳо руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати чунин дастгириҳои бевосита баён намуданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ