НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАСТРАС ГАРДИД

А.Ҷомӣ:  
“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияти худ қарор додааст, талош мекунад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодии кишвар зиндагии мардум боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад”.
Соли дуюм аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои оилаҳои ниёзманд, маъюбону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо нафақаи ҳизбӣ дода мешавад.
Воқеан, иқдоми мазкур барои беҳбудии шароити зиндгонии ин қишри ҷомеа мусоидат карда, ҷиҳати ноил шудан ба зиндагии шоиста замина мегузорад. Нафақаи ҳизбӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ роҳандозӣ гардида, он аз ҷониби раиси кумиҷроияи ноҳияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимова Назокат ба 3 оилаҳои ниёзманд дастрас карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҷавҳараш тараннуми ростиву накӯкорӣ аст, роҳандозӣ шудани иқдоми мазкур руҳияи ин қишри ҷомеаро болида сохта, онҳоро ба ҳаёти рӯзмарра боз ҳам дилгарм намуд.
Воқеан мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.
Суратгузориш аз ҷараёни дастрас намудани нафақаи ҳизбӣ:
Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ