ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ:  
Дар асоси дастури бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои расонидани кӯмаки молиявии иловагӣ ба маъюбони модарзод, маъюбони гуруҳҳои якум ва дуюм, ашхоси ниёзманд аз оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Бо ин ҳадаф Назокат Қосимова - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дидорбинии маъюбон гурӯҳи 1-ум, сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи А. Ҷомӣ Абдуллоев Муҳаммадҷон рафта, ба ӯ нафақаи ҳизбии моҳи майро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.
Зимни сӯҳбат бо волидайни маъюб раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Назокат Қосимова иброз дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса доранд ва нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Ин амали хайр боиси сарфарозии аёдатшуда гардида, барои чунин дастгирӣ ба ташаббускорони ин иқдом миннатдорӣ баён гардид.
Суратгузориш аз ҷараёни дастрас намудани нафақаи ҳизбӣ:
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ