ҲАДАФӢ АСОСИИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ИН ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

А.Ҷомӣ:  
Суҳбати хона ба хона яке аз тарзи дуруст ба мардум фаҳмонидани сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои назди ҳавлигӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули хона ба хона корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни аҳолӣ мунтаззам гузаронида истодаанд.
Қариб, ки ҳамарӯза роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва тарғибу ташвиқи дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоянд.
29 майи соли мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Озода Хушбахт бо усули “Хона ба хона” оид ба самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалли зист, аз ҷамоати деҳоти Дӯстӣ дидан намуданд.
Масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Кабир - 2010” шинос шуда, аз заминҳои корами дидан карданд. Хоҷагии мазкур дар масоҳати 3,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,0 гектар замин пахта, дар 10 садяк замин картошка, дар 20 садяк пиёз ва дар масоҳати 10 садяк помидору дар 20 садяк полезӣ ва дар масоҳати 50 садяк замини дигар гандум кишт кардаанд. Ин шабу рӯз хоҷагидорон ба ҷамъоварии гандум, маҳсулоти полезӣ ва картошкаву пиёз машғул мебошанд. Маданияти истифодаи замин дар ин мавзеъ ба монанди дигар гӯшаҳои ноҳияи аграрии Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
СУРАТГУЗОРИШ: аз ҷараёни бурдани корҳои таблиғотӣ, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифодабарии қитъаҳои заминҳои корами ҳуҳуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ