ЗАМИНҲОИ НАЗДИМУАССИСАВӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА МЕШАВАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, инчунин нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия заминҳои наздимуассисавӣ самаранок истифода бурда мешаванд.
Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “Хона ба хона” дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ифтихор, мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдиев Шоҳимардон аз замини хоҷагии ёрирасони назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиёни”-и МТМУ № 21 дидан намуд.
Роҳбари муассиса Нуралиев Маҳмади иброз намуд, ки заминҳои наздиҳавлигии муассисаро самаранок истифода намуда, дар он кишти такрориро ба роҳ монда, дар як сол 2 - 3, ҳосил захираи маводи ғизоӣ гирифта, ба кормандони муассиса ҳамчун кумаки ғизоӣ дастрас менамоем.
Тибқи иттилои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Нуралиев Маҳмади дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини наздимуассисавӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ карда истодаанд.
Ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии муассиса самаранок истифода шуда, ба ин васила ҳамасола эҳтиёҷоти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии номбурда аз замини наздиҳавлигӣ бо сабзавоти тару тоза таъмин мешавад.
Баъд аз ҷамъоварии картошка заминро холи намонда, сабзавоти мувофиқ ба фасли сол шинонида мешавад. Дар баробари мусоидат дар таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин дар тарбияи меҳнатдӯстии насли наврас мусоидат мекунанд.
Дар муассисаҳои таълимии дигари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ самаранок истифода кардани заминҳои наздимуассисавӣ идома дорад.
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ