КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ДЕҲОТИ НОҲИЯ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии Ватан бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо талошу заҳматҳои соҳибкорони ҳимматбаланду шахсони саховатманд ва сокинони ватандӯсташ ободу зебо гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои бесобиқа ба назар мерасанд.
 
Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад.
 
Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкуни камари ҳиммат бастанд.
 
Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Якуми май» бо як рӯҳияи баланди созандагӣ дар доираи аксия зери унвони "Якҷоя месозем!" ба ҳашари дастаҷаъмона баромада роҳи дохилии деҳаи Якуми майро дар масоҳати 300 метр сангфарш карда истодаанд.
 
Мавриди зикр аст, ки чунин корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии «50-солагӣ»-и Ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамасола аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад.
 
Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ:
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ