ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Хайр қарзи инсони ва мусулмонии ҳар як фарди худоҷӯй аст. Дар ҳақиқат дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, аёдати беморон, бунёди пулу таъмири роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ амалӣ хайру савоб ба шумор меравад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди фитр аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба як нафар маъюб Навбаҳори Убайдулло сокини Ҷ/д Дӯстӣ деҳаи Навбаҳори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нафақаи ҳизби аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Назокат Қосимова ва Зебо Раҷабзода-мудири САҲШ-и ноҳия расонида шуд.
Максади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон дода истодааст.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ