ТОЗА НИГОҲ ДОШТАНИ ОРОМГОҲҲО

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созанда, бунёдкор, раъиятпарвару амаликунандаи ташаббусҳои бузург дар давоми фаъолияти хеш тавонист, ки ҳамеша миёни мардум қарор гирифта, бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиб миёни ҷомеа обрӯ ва нуфузи зиёд пайдо кунад.

Имрӯзҳо бо фарорасии фасли зебои табиат "Баҳор" бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Қ. Ғиёсов ҷиҳати амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо" ва тозаю озода нигоҳ доштани қабристонҳои ноҳия дар қабристони деҳаи Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Ташкилоти ибтидоии “Тоҷикистон” ва сокинони деҳа ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.