КОРҲОИ РОҲСОЗӢ ВА САНГФАРШКУНӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи тавонои сиёсӣ буда, дастовардҳои бузурги кишвар бо номи ин ҳизб иртиботи зич дорад. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият буда, ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши муассир мегузорад”.

Чуноне Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд:

“Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рўз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба души худ гирифт”.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолият самти ташаббускорию созандагиро ихтиёр намуда, лоиҳа ва барномаҳои зиёди ниёзбарори мардумро, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ намуд. Дар робита ба ин, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон аксияҳои ҳизбиро зери унвони “Якҷоя месозем” ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоимардонов”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили куча бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии “Шоимардонов” Зиёева Наргис бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур заҳматҳои беандоза кашида истодаанд. Ин иқдоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 500-метри роҳи дохили кучаро сангфарш намуда истодаанд.