АЪЗОЁНИ ТАШАББУСКОРИ ҲХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намуданд,ки: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба души худ гирифт”. Дар воқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Ҳизб аз рӯзҳои аввали фаъолият самти ташаббускорию созандагиро ихтиёр намуда, лоиҳа ва барномаҳои зиёди ниёзбарори мардумро, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ намуд. Дар робита ба ин, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон аксияҳои ҳизбиро зери унвони “Якҷоя месозем” ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “И.Сомонӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили деҳот бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии “И Сомонӣ” Ризоев Акрам бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур заҳматҳои беандоза кашида истодаанд. Ин иқдоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 800-метри роҳи дохили деҳаро сангфарш намуда истодаанд.