"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" САҲМИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 25.12.2022 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва пост доштани хотираи гузаштагон дар ташкилоти ибтидоии “ И. Сомонӣ” дар ҳамкори ва якҷояги бо кормандони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ, таҳти унвони "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор гардид.
Дар ин саҳми баргузоргардидаи ободгарона раиси Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ” Расулзода Дустмурод, Ризоев Акрам раиси ташкилоти ибтидоӣ бо ҷалби аъзою ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштироки фаъолона карда, оромгоҳи деҳаҳоро аз алафҳои хушкшуда ва хору хасҳо тоза карда, ва ба ин васила рӯҳи гузаштагонро шод намуда, саҳми арзандаи худро дар тоза намудани гирду атрофи қабристонҳо гузоштанд.
Суратгузориш аз рафти баргузории саҳми ҳизбӣ зери унвони "Рузи ёдоварь" дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ