МУМФАРШКУНӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАК

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмуи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо таваҷҷуҳи аъзоёни фаъоли худ дар бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад. Бо дастури Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон ва бо маблағгузории «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» роҳи маркази шаҳраки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба масофаи 2 километр мумфарш гардида истодааст. Роҳи мазкур солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинон ҳал хоҳад шуд. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мумфаршкунии роҳро мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА-Роҳсоз)-и ноҳия ба уҳда доранд.