ДОВТАЛАБ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ зимни баргузории корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ВОҲИДЗОДА ЗИЁВИДДИН соли таввалудаш 2005, сокини деҳаи Обшорон ҷ/д Каленин барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизматӣ ҳарбӣ ҳавасманд гардида, ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омаданд.

Воҳидзода Зиёвиддин пеши худ мақсад гузоштаст, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар, иҷрои қарзи фарзандӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бипайвандад.

Аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Қосимова Назокат моҳияти "Роҳнамо барои сарбози ихтиёрии ҲХДТ"-ро фаҳмонида, иброз дошт, ки имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан - Модарро ба ҷо биёварад.

Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ шароити хуби замонавӣ барои буду боши афсарону сарбозон фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонони мо метавонанд аз ин имкониятҳои бадастомада васеъ истифода баранду қарзи шаҳрвандии хешро дар назди халқу Ватан адо намоянд.