ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲА

А.Ҷомӣ:  

 Гурӯҳи кории таблиғотӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимова Назокат, Авазализода Амирҳамза Комиссари ҳарбии ноҳия, намояндагони ҷамоати деҳоти Қадрддин Ғиёсов бо сокинони деҳаи Арал ҷамоати деҳоти Қ. Ғиёсов, вохӯрӣ доир намуданд.

Гурӯҳи корӣ мувофиқи дастуру супоришиҳои мақомоти болоии Ҳизбӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масъалаҳои доғи рӯз, пешгирии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии”, Дар бораи "Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", солимии репродуктивӣ, аз иммунизатсияи ҳатмӣ гузаштан, тоза нигоҳ доштани ҷойи зист ва маҳал, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили никоҳи хешутаборӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, хурофотпарастию ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии ҷавонону наврасон дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон ибрози назар карданд.

Назокат Қосимова махсусан ба сокинон таъкид намуданд, ки дар тарбияи ҷавонон бетараф набуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд. Ҳамзамон Комиссари ҳарбии Ноҳияи А. Ҷомӣ Полковник Авазализода Амирҳамза доир ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентиябр соли 2022, №299 «Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайъати захираҳои даъвати сафарбарӣ» ибрози назар намуда, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки фарзандони худро барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода созанд ва барои хизматашон монеа эъҷод накунанд.