ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР КОХИ ФАРҲАНГ

А.Ҷомӣ:  

Санаи 5-октябри соли 2022 дар асоси Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабини идона таҳти унвони “Забони миллат ҳастии миллат” баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Раиси суди ноҳияи А. Ҷомӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандону устодони собиқадори шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамомад раиси ноҳия муҳтарам Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забон табрику муборакбод намуда, ҷиҳати боз ҳам бештар саҳм гузоштан дар рушди забони давлатӣ комёбиҳо таманно намуд. Сипас, намоядаи маорифи вилоят Давлатзода Қосимбек, зимни суханронияш аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи забон шодбош гуфт. Баъдан, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ муассисаи таълимии №55 Раҳмонова Идимоҳ бо маърӯзаи худ дар бораи моҳияти забони давлватӣ ва гиромидошти он баромад карданд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии №2, хонандагони муассисаи таълимии №1 ва кормандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ иборат аз шеъру суруд ва оҳангҳои дилнишин пешкаши тамошобинон гардид.