ВОХӮРИИ ТАБЛИҒОТӢ ҶИҲАТИ ТАДБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун:  

Санаи 4-уми октябри соли равон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайфулоев Раҳмиддин дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати дар амал ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ хусусан терроризму экстеремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», сохтмони иншоотҳо бо усули дренажӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан миёни бошандагони деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Қумсангир дар масҷиди ҷомеи ин деҳа суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Сайфулоев Раҳмиддин вобаста ба мавзуъҳои болозикр андешаронӣ намуда, хусусан иброз дошт, ки бинобар сабаби дигаргун гаштани вазъи сиёсии ҷаҳон моро мебояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошем. Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳакатҳои ифротӣ ва терористӣ ҳамаҷониба кушиш намоем. Ҳамзамон дар ободонию гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.