ИФТИХОРИ МОВУ ТУ БОШАД ЗАБОНИ МОДАРӢ!

Ҷайҳун:  

Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол санаи 5-уми октябр дар саросари кишвари махбубамон таҷлил мегардад, ки ин боиси ифтихор ва хурсандиву сарбаландии миллати точик аст.

Дирӯз бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарама Бахтдавлатзода Гулбаҳор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т. ва намояндагони корхонаю муассисаҳои ноҳия дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бахшида ба “Иди забони давлатӣ” баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахтдавлатзода Гулбаҳор суханронӣ намуда, дар баромади худ таъкид намуданд, ки; “Забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон зарур мебошад”.

Сипас дигар иштирокдорон ибрози андеша намуда, дар охири чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини фарҳангӣ чорабинии мазкурро хусни анҷом бахшиданд.