ДАСТРАСИИ САРИВАҚТИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кўмаки молиявӣ ба маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Ин иқдом санаи 4-уми октябри соли 2022 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба Сафаров Боймаҳмад парастор ва падари маъюби дараҷаи 1-ум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ, ки солҳои зиёд аз бинойи маҳрум аст, нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас карда шуд.