ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ТИ “МАРКАЗИ САЛОМАТӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” шанбегӣ баргузор гардида, зимни баргузории он атрофи бинои Маркази саломатӣ дар ноҳия рӯбучин ва аз ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки аксияи мазкур баҳри тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва баҳри ҳифзи муҳити зист баргузор гардида, омили беҳтаре баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо хоҳад гашт.