ОББОДОНИИ МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти "Панҷ" бо ташаббуси соҳибкорону фаъолони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона корҳои ободонӣ аз қабили сангфаршнамоӣ амалӣ гашта, чунин амали неку созанда дар дигар деҳаҳои ноҳия бо маром идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки Аксияи мазкур зери унвони «Якҷоя  месозем!» баргузор гардида, баҳри тадбиқи ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардида ва ҳамзамон бахшида ба эълон  гардидани  “Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ” ва бо ин восита саҳм гузоштан дар ободии диёр амалӣ гашта истодааст.