ҲХДТ - ТАШАББУСГАРИ КОРҲОИ СОЗАНДА

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо ва шоҳроҳҳои дохили ноҳия корҳои ободонию мустаҳкамгардонии гирду атрофи онро дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» бо саҳми соҳибкорон ва фаъолони ноҳия амалӣ намуда истодааст.

Бо ин матлаб имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон ин ташаббус амалӣ гашта, беш аз 500 метр атрофи шоҳроҳи марказии ноҳия мустаҳкам ва ҷӯйборҳои атрофи он бетонпӯш ва тоза гардонида шуд.

Масъулин зимни баргузории аксия бо кормандони идораи роҳсоз ва иштирокдорон суҳбат намуда, иброз доштанд, ки нигоҳубину таҷдиди роҳҳо ва атрофи онҳо вазифаи асосии кормандони муассиса ва тамоми сокинон ба ҳисоб рафта, моро зарур аст, дар ободонии ноҳия ва зебогии он саҳмгузор бошем.