СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ ДАР ДЕҲОТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба сохта ба истифода додани иншоотҳои гигиенӣ, хусусан ҳоҷатхонаҳои замонавӣ бо усули дренажӣ пайваста бо сокинон суҳбату фаҳмонидадиҳӣ барпо менамоянд.

Чунин суҳбату вохӯриҳо самараи нек ба бор оварда, бо саҳми фаъолону сокинони ноҳия дар кӯчаи И. Сомонии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ чунин як адад  ҳоҷатхонаи замонавӣ бо усули дренажӣ ва ҷавобгӯ ба ҳама талаботҳои замон  сохта мавриди истифодаи сокинони шаҳрак гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки чунин иншоотҳои гигиенӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби сокинон ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи аксияи ҳизбии “Якчоя месозем” сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки ин метавонад яке аз роҳҳои пешгирӣ аз  паҳн гардидани бисёре аз бемориҳои сироятӣ гардад.