ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН – АСОСИ ПЕШБУРДИ РӮЗГОР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати оқилона ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дарихтиёрдошта ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз замин бо иштироки масъулини ноҳиявии ҳизбӣ бо сокинону деҳқонони деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” баргузор гашта истодаанд.

Бо ин матлаб, дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод бо ҳар як сокини деҳаи “Орзӯ”-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату фаҳмонидадиҳӣ баргузор гардида, оид ба аҳамияти ҳарчи бештар ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати самараноку дуруст истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ва бо ин роҳ, рўёнидани ҳосили зиёд, захира намудани меваҳои хушк ва маводҳои озуқаворӣ хусусан, гандуму лӯбиёгиҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.