ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БОЯД БУРД!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  имрӯз дар деҳаи Зарнисор оиди дастуру супоришиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин бо усули хона ба хона суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ноҳиявии ҳизб вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони мамлакат дар ноҳияи Данғара вобаста ба самаранок истифода бурдани замин ва аз як замин гирифтани ду ва се ҳосил дастур дода буданд, бо сокинони деҳаи Зарнисор вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Метавон зикр намуд, ки ҳангоми вохӯрӣ мушоҳида гардид, ки сокинон ва заҳматкашони ноҳия воқеан, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, маводи ғизоиро барои зиндагии хеш захира намуда истодаанд.