ОМОДАГИ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони ноҳия имрӯзҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои ноҳия мумфарш гашта истодаанд. Ҳамзамон, роҳи марказии кӯчаи А. Берунии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ пурра мумфарш гардида, мавриди истифодаи сокинон қарор гардид.

Бояд зикр намуд, ки ин роҳ масоҳати 3 километрро дар бар гирифта, бисёр харобу валангор гардида буд ва сокинону ронандагон ҳангоми ҳаракат танқисӣ мекашиданд. Аммо хушбахтона имрӯз ин мушкилӣ ҳали худро пайдо намуда ба симои Ҷамоати шаҳрак зебои зам намуд.

Ободу зебо гардонидани як гушаи ноҳия қарзи ҳар як шаҳрванди бонанги кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин росто фаъолону саховатмандони ноҳия итминон доранд чунин аксияҳоро ҳарчи бештару беҳтар амалӣ намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишварро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гиранд.