ҲАМОИШИ “РӮЗӢ ЁДОВАРӢ” ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 34-и Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо дар дар деҳаи Балхии Ҷамоати деҳоти “Яккадин”-и  ноҳияи Ҷайҳун Ҳамоиши ҳизби таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дӯстии халқҳо» ва фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд. Дар ин рӯз бо ҷалби сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гирду атрофи оромгоҳи деҳа тоза карда шуд.

 

 Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” ҳар охири моҳ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ ташкил ва гузаронида мешавад.