ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Ҷайҳун: Андеша  

Мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ аслан решаи Қуръонӣ дошта, аз офариниши гуногунии табиат моро хабардор мекунад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалан мардумро аз дин ва фарҳангу миллат ҳушдор менамояд, то ғутаи ифротгароию калимаҳои пучу беасоси имрӯза, ки баъзе бадхоҳон онҳоро ба дину оин марбут медонанд, побанд нашавем. 

Мақсади Пешвои миллатамон ин аст, ки мо ҳунари қадимаи ниёгонамонро бо ҷойҳои таърихӣ, ки аксарашон эътиқоди динӣ ва гуногунии фарҳангро ифода менамуданд, ба оламиён муаррифӣ намуда, ба нажод, дин, фарҳанг, тамаддун ва забонҳои мардуми атроф эҳтиром гузошта, муносибати бародарии худро мустаҳкамтар намоем. Илми замонавӣ бардошта, ба манфиати замона равона созем. 

Пешвои муаззами миллат пайваста талош доранд, ки мо илму дониш, фарҳангу маданияти шаҳрдориро хуб аз худ карда, ба халқу ватанамон хизмат намоем. Мо ҷавонон тарғибгари сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем. Мо нахуст худро пурра аз рӯи ҳувиятамон шинохта, ҳувияти дигаронро низ донем, зеро онҳо бо фарҳанги худ ва мо бо фарҳанги худамон фахр мекунем. Агар наврасон ё ҷавонон инро надонанд, мумкин аст фирефтаи гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ шуда, бо фикрҳои беасоси онҳо оромии ҷомеаи худ ва дигаронро халалдор менамоянд.

Худшиносӣ яке аз ҷанбаҳои асосии ҷомеаи маданӣ буда, ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динии инсонҳоро баланд мебардорад. Агар шахс худшинос бошад, ҳадафи омадани худ дар ин оламро дониста, ба атрофиёни худ эҳтиром мегузорад. Пас мо тоҷикон, ки олимону донишмандони зиёд дорем, моро ба худшиносӣ ва шинохти дигарон роҳнамоӣ намудаанд. Иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати динӣ ва худшиносии миллӣ пайрави ниёгонамон буда, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Пешвои миллатамон пайравӣ карда, ба гуногунии офариниш, ки халқҳои ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад, давом диҳем. На ин ки фарҳанг, миллат, нажод ва дину оини онҳоро инкор карда, ба худ ба миллат, ба динамон бадномӣ орем.

Умуман, мо бояд дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати Пешвои миллат тарбия гирифта, дигаронро низ бо роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намоем. 

Буриева Д. - Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Яккадин"-и ноҳияи Ҷайҳун