ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои тарғиботиро мунтазам ба роҳ монда, зимни мулоқоту вохӯриҳо ба шаҳрвандон вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ маслиҳатҳои судманд медиҳанд..

Дар доираи ташаббусҳои навбатӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов М, намояндагони ВАО ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Панҷ вохӯрӣ бо усули “Хона ба хона” доир намуд. Зимни сӯҳбату вохӯриҳо маълум гардид, ки сокинон аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон ҳосили фаровони меваҷот ва сабзавотро ба даст оварда, барои зимистонгузаронӣ омодагии хуб дида истодаанд. Зикр гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда сокинони ноҳияи Ҷайҳун баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ намуда, ҳамзамон, барои фасли зимистон  ба қадри кофӣ маҳсулоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ безарарро захира менамоянд.