МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТИ “МАДАД”

Ҷайҳун:  

Санаи 22-юми июни соли равон тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов М., намояндагони ВАО, раис ва аъзоёну фаъолони ташкилоти ибтидоии “Мадад” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баррасии маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Мадад”,интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ,интихоби вакилони Конференсияи ноҳиявии ҳизби ва масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба корҳои ҳизбӣ дар ташкилот пешниҳод гардид. 

    Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Қамаров Қумриддин баромад намуда, дар назди ҳозирин ва аъзоён ҳисобот дод. Баъдан вобаста ба банди дуюм ва сеюми рӯзнома Қамаров Қ. бо тарафдории аксарияти овозҳо аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” интихоб шуда, номзадии ӯ ба вакили Конференсияи ноҳиявӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов М. ва масъулин суханронӣ намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат бобати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, кишти такрорӣ, захираи маҳсулоти хурока, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб, хусусан экстремизму тундгароӣ бо ҳозирин маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.