МАХУФОН!!!

Ҷайҳун: Вокуниш  

Вақте, ки суханпардозиҳои мубалиғони ифротию толибгароро тамошо кардам, рости кас аз шунидани ин ба тааҷҷуб афтода хандааш меояд. Аммо аз ҳама чизе, ки боиси қаҳрам шуд, аз ин "мавлоно"-ву "мавлави" ва "орифон"-и кишвари ҳамзабон Афғонистон Абулкадир ва Аҳмад Фирӯз ин буд, ки тувҳин ба Пешвои муназзами миллат кардаву ҳарзагӯӣ дошт.

Якум ин ки кишвари мо-Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил Сарвар дорад ва метавонад масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва давлатии худро ҳал кунад ва ниёз ба чунин зиракони ифротгарову тафриқаандоз надорад. Дувуман ин "мавлави"-ҳо агар гирем хеле дилсӯзу ғамхори мардуму давлате ҳастанд чаро масоили дохилии худро нодида мегиранд ва таваҷҷӯҳе надоранд?

Аз ҳама аҷибаш ин ки занону духтарон ҳеҷ ҳаққу ҳуқуқи инсонию иҷтимоӣ дар ин давлат надоранд ва куллан ба барда табдил ёфтанд. Мактабу омӯзишгоҳҳо ба рӯи онҳо баста шуда, ҳазорон занон ба хотири як қутти лоямут молу амвол не фарзанд-духтари худро мефӯрушанд, ҳол он ки як ҳайвон фарзанди худро аз канораш дур намемонад ва барои ҳифзу доштанаш меҷангад. Чаро ба ҳоли инҳо дилашон намесӯзаду раҳме намекунанд, дилсӯзие нишон намедиҳанд? Аз куштори занону кӯдакон ва ҳазорони дигар, ки ногуфтанист.

Ва аҷибтар ин аст, ки агар воқеан ин афроди манфур аз Ислом пайравӣ мекунанд ва ба аҳкоми Иллоҳӣ пойбанд ҳастанд, чаро манфуртарину шаруртарин амалу кирдори номатлуб зодаи ин кишваранд? Яъне ана ҳамин гуна ҷоҳил, иғвоангезон, шарурони дин ҳастанд, ки кишвари зебоманзари Афғонистон ба як ҷаҳаннами дунё табил ёфтаву таи 4 аср аст, ки дар ин ҳоли табоҳ аст.

Мо аз мардуми азиз ва ҳамзабони Афғонистон умедворем, ки аз ин андешаи мо наранҷанд ва фирефтаи ин ғосибони миллати хеш нагарданд. Тоҷикистон ин сабақаи шуми таърихиро дида ва ҳамеша талоши мо ин аст, ки чунин шумназари ба сарзамини мо роҳ наёбад ва миллати мо ҳамеша дар сулҳу амонӣ қарор гирад. Занону бонувони кишвари мо баръакс аз ҳуқуқу озодиҳои худ комилан бархурдоранд ва дар баробарӣ чун мардон кору зиндагии шоиста доранд. Мо ба фарҳангу арзишҳои миллии худ эҳтиром мегузорем ва онро ривоҷ хоҳем дод.

Матлаби ҷолиб ин аст, ки мавлавӣ Фирӯз аз вазъи кишвари ғасбшудаи Фаластин огоҳ асту ҷиҳод мегӯяд. Аммо чаро худ дар хона нишаставу тамошо дорад дар ҳоле, ки аҷри ҷиҳодро медонад? Оё ин ҷолиб нест? Маълум аст, ки ӯ на ба дин ва на мардумаш тараҳҳуму эътимод дорад. Фақат кореро анҷом медиҳад, ки тафриқаандозист. Сони итминони ман ин аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат дар муҳаббату инсондӯстӣ, инсонпарварӣ, дастгирию ғамхорӣ ба миллату давлат 1000 мартаба беҳтар аст аз он сиёсате, ки шумо тафриқаандозон, нажодпарастон ва динситезон ки доред. "Паёми ман ба Президенти Тоҷикистон...". Ҷоҳил ту худат ки ҳастӣ, ки бар мо паём доштаӣ? Ҳазорон ҳазор кирдорҳои махуфу зиддибашарӣ ва нангин, ки ҳайвон ба ҳамҷинси худ раво намебинад дореду анҷом медиҳед чаро намебинед "орифон"? Боз ба мо паём доштаӣ!

Дигар ҷоҳилӣ ин аст, ки кур аст ва намебинад шахсияти Сарвари моро. Агар дуруст маълумот медошт, агар аз Исломи воқеӣ хабар медошт, ин ифтихори моро ҳам медид, ки дар радабандии сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои миллат дар байни мусалмонони номдори ҷаҳон дар кадом сатҳ аст. Ва охири матлаб ин ки Худованд худ Ҳаким ва Ҳоким аст, Худованд худ қазоваткунанда аст, ҷуз Ӯ ҳеҷ кас ҳаққи қазоват кардан надорад. Пас ба ин мавлонои бе мавло ки иҷозат додааст, ки ҷиҳод гӯяд дар баробари як кишвари 99 дарсади мусалмонӣ? Агар ин нуқтаи мусалмониро возеҳ медонист фикр мекунам чунин ҳарф бар забон намеоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми арзишҳои инсонӣ, диннӣ ва нажодӣ эҳтиром мегузорад ва ин аҳдофро ҳифз мекунад.

Бо назардошти вазъи ҷаҳонӣ, густариш пайдо кардани чунин ашхоси манфур ва тафриқаандозу фурсатталаб баҳри амну осоиши кишвар ва мардум, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангдорӣ аз зиракии сиёсӣ истифода намуда, ҳама чораҳои заруриро меандешем. Танҳо каломи мо ин аст, ки мардуми шарифи кишвар ба чунин ашхосӣ зархарид гӯш наандозанд, аз эҳсоси миллию ватандӯстӣ кор бигиранд ва барои ояндаи давлату миллат ва фарзандони хеш дилсӯз бошанд.

Чунки касе ҷуз худи мо барои мо намесӯзад ва ғамхорӣ намекунад. Ин "орифон"-и динситезро мебояд, аз он ки сар ба хонаи касе халонанду аз каси дигар ҳарф зананд чашми ҳақиқати хеш боз кунанду миллати афгор ва синасухтаи Афғонистонро бинанд. Ба ҷои дилсӯзии иғвонаи худ сари миллати мазлум ва занони беҳуқуқу асоратафтодаи хеш дилсӯзӣ кунанд.

Муҳсин Ализода, аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун.