ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ

Ҷайҳун:  

Бо фаро расидани фасли баҳор ва ҳавои мусоид баҳри амалӣ намудани корҳои созандагӣ ва хайру савоб имрӯзҳо бо саҳми аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони мувафақ ва саховатмандон дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза пайдо менамоянд.

Ин навбат чунин ташаббуси созандагӣ дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Панҷ амалӣ гардида, дар атрофи майдони варзишии муассисаи таълимии ҳудуди деҳа як қатор таҷҳизотҳои варзишӣ насб гардонида шуда, мавриди истифодаи толибилмон гардонида шуд.

 Метавон зикр намуд, ки иқдомҳои мазкур баҳри саҳм гузоштан дар истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд.