МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ПАЁМҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Ҷайҳун: Андеша  

Бо шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлолу озодӣ, ки мо мардуми сарбаланди тоҷик ба ин рўзҳои хуб ва саодати рўзгор расидем. Бо ишора ба ин мазмун мо метавонем гуфт, ки Паёми ҳамасолаи Роҳбари давлати мо ин ҳам ҳисобот ва ҳам нақшаҳои дурнамои давлатдорӣ аст, ки аз ояндаи неку дурахшони ватанаи азизамон ва пешрафти он дар ҳамаи соҳаҳо хабар медиҳад.

Тавре ҳамагон шоҳидем, санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Сарварди давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида буд. Дастуру роҳнамоии Сарвари давлат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ироа гардида, тамоми сокинони кишвар аз Паём бархӯрдор гаштанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.  

Аз ин нигоҳ, Паём агар аз як ҷониб як барномаи мукаммали амал барои як соли оянда ё як марҳилаи муайян бошад, аз ҷониби дигар он нишонаи муҳими соҳибихтиёрӣ ва худмуайянкунии мост. Яъне, Роҳбари давлати мо зимни ироаи Паём ҳам самтҳои асосии сиёсатӣ дохилӣ ва хориҷии кишвари моро муайян мекунанд. Ҳамин аст, ки ба андешаи донишмандон яке аз аломату рамзҳои муҳими низоми давлатдории муосири мо ин ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аз диди давлатдорӣ ва дидгоҳи давлатмеҳварӣ, паёмҳои солонаи роҳбари давлат аҳамияти хосаи рамзӣ ва амалӣ дорад. Бинобар ин, Паём мавриди таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифта, паҳлуҳои гуногуни он мавриди таҳлилу тафсир қарор мегиранд. Яъне, худи паёмдодани роҳбари давлат хоси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро худашон мустақилона муайян мекунад. Бо шукргузорӣ ва мутмаинона метавон зикр кард, ки дар кишвари мо низ ҳамасола ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аломатҳо ва рамзҳои асосии истиқлоли сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад.

Тибқи таъкиди Роҳбари давлат, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рў овардан ба таърих ва огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ манбаъ ва сарчашмаи садҳо иқдоми неку наҷиб дар роҳи саодати бардавоми миллат, ҳифзи сулҳу субот, баланд бардоштани маърифату дониши фарзандони миллат ва таҳкими ҷойгоҳи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Сайфулоев Раҳмиддин – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун