ВОХӮРИИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҚУМСАНГИР» БО СОКИНОН

Ҷайҳун:  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз вохӯрии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Қумсангир Одиназода Эмомиддин бо аъзои ҲХДТ, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қумсангир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳия баргузор гардид.

Нахуст дар суханоронии худ раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, таваҷҷуҳӣ доимии Пешвои миллатро нисбати рушди деҳот таъкид намуданд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ баҳри сазовор истиқбол аз ҷашнҳои муҳими миллӣ, аз он ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша гардид.