БАРГУЗОРИИ СИТОД ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚУМСАНГИР

Ҷайҳун:  

Бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумиати иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 30. 01. 2024 таҳти №23 “Оид ба гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқоти ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавсими  баҳории соли 2024, Ситоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз 1-уми феврали соли 2024 таъсис дода шуда, дар тамоми деҳаву маҳалла ва ҷамоатҳои ноҳия бо раисони маҳала, сокинон ва ҷавонон вохӯриҳои таблиғотӣ баргузор менамоянд.

Ин навбат санаи 19-уми феврали соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо иштироки Ҳасанзода Т.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, намояндаи комисариати ҳарбии ноҳия ва Одиназода Э. - раиси Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо раисони маҳалла ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ҳудуди ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат, мақомотҳои болоии ҳизб дар самти тарбия ва омода намудани ҷавонони сини даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ҳамзамон баҳри мусоидат ба иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар мавсими баҳорӣ ба масъулин маслиҳат ва дастуру супоришҳои муфид дода шуд.

Инчунин дар рафти суҳбат Ҳасанзода Т.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз он ҷумла доир ба пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, худкушӣ, хариду фурўши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр бо ҳозирин ибрози андеша намуд.