РАФТИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби аъзо ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор мегардад.

Ин навбат чунин шанбегии дастаҷамъона ва шинонидани дарахтони сояафкан бо иштироки васеи аъзои ҲХДТ, фаъолон ва сокинон дар Ҷамоати деҳоти Яккадин баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама тозаю озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист ва фазои экологӣ мебошад.